Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрди хунин дар Аргуни Чеченистон


Задухӯрди шаби гузашта дар ҷумҳурии ҷангзадаи Чеченистони Русия 2 тан аз нирӯҳои давлат ва ду ҷангиро кушта барҷой гузошт. Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, ин чаҳор нафар дар шаҳри Аргун кушта шуданд. Аз 5 то 6 тан аз асокири нирӯҳои давлатӣ дар ин даргирӣ ҷароҳат бардоштаанд. Дар пайи ду ҷанги хунин, ки бо андаке фосила аз соли 1994 инҷониб идома дошт, вазъ дар Чеченистон дар ҳоли ҳозир нисбатан оромтар шудааст. Раҳбарии ин ҷумҳуриро феълан Рамазон Қодиров, ки ҳамеша аз садоқаташ ба Маскав сӯҳбат мекунад, бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG