Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷагирии манфӣ аз фаъолияти пулиси Афғонистон


Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ мегӯяд, фасодзадагии пулиси Афғонистон ба эътибори давлати он кишвар латма мезанад. Ин созмони таҳқиқотӣ мегӯяд, бахши аъзами мардум дар Афғонистон дар манотиқи дастнорасе ба сар мебарад, ки танҳо намояндаи давлат дар ин манотиқ маъмурони пулисанд. Аммо Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ дар гузориши наваш мегӯяд, пулис дар ин манотиқ бештар ҳамчун ришваталаб таъриф мешавад, на ба ҳайси ниҳоде, ки алайҳи ҷинояткорӣ мубориза кунад. Ин гузориш меафзояд, нирӯҳои пулис бештари вақти худро сарфи набард алайҳи чирикиҳо мекунанд, на сари мубориза бо ҷинояткорон.
XS
SM
MD
LG