Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ рӯзи ҷумъа ба Кобул меравад


Раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ рӯзи ҷумъа нахустин сафари расмиаш ба Афғонистонро оғоз карда, бо ҳамтои афғони худ Ҳомиди Карзай роҳҳои беҳбуди ҳамкории ду кишвар дар набард алайҳи терроризмро баррасӣ хоҳад кард. Сафари Зардорӣ ба Кобул дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки Покистону Афғонистон дар тӯли марзи тӯлонии байни ин ду кишвар алайҳи ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида меҷанганд. Кобул дар гузашта чандин бор Исломободро муттаҳам кардааст, ки ба хотири гирифтани пеши роҳи вуруди ҷангиён ба хоки Афғонистон ба қадри кофӣ амал намекунад. Вазорати хориҷаи Покистон мубориза бо терроризмро мавзӯъи аслии дидори Зардорӣ ва Карзай дар Кобул ва терроризмро дар зимн як таҳдиди умумӣ ба сулҳу амният дар ҳарду кишвар ном бурдааст.
XS
SM
MD
LG