Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Багосора ба ҳабси умрбод маҳкум шуд


Додгоҳи ҷиноии СММ, ки ҷиноёти ҷанги шаҳрвандии соли 1994 дар кишвари африқоии Руандаро таҳқиқ мекунад, Теонесте Багосора, сарҳанги пешини артиши он кишварро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, Багосора дар наслкушӣ, ҷиноёт алайҳи башарият ва ҷиноёти ҷанг гунаҳкор дониста шуд. Багосора дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ аз мансабдорони аршади вазорати дифоъи Руанда буда, соли 1996 дар Камерун боздошт шуд. Тайи ҳамагӣ 100 рӯзи куштори ом дар соли 1994 дар Руанда беш аз 800 000 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG