Пайвандҳои дастрасӣ

Боздоштҳои пурсарусадо дар Ироқ


Давлати Ироқ мегӯяд, шуморе аз афсарони вазорати умури дохилаи Ироқ бо иттиҳоми талоши эҳёи дубораи ҳизби дар даврони Саддом Ҳусайн ҳокими Баъс боздошт шудаанд. Генерал Карим Халаф, сухангӯи вазорати дохилаи Ироқ имрӯз гуфт, бовар меравад, афсарони боздоштшуда марбут ба гурӯҳи Ал-Авдо будаанд, ки ин гурӯҳ дар талоши эъмори дубораи ҳизби Баъс муттаҳам мешавад. Матбуоти ғарбӣ имрӯз хабар дод, ки як воҳиди вижаи мубориза алайҳи терроризм, ки мустақиман ба сарвазири Ироқ нурӣ Моликӣ итоат мекунад, то 35 мансабдорро бо иттиҳоми таҳияи табаддулот алайҳи давлати Моликӣ боздошт кардааст. Карим Халаф теъдоди боздоштшудагонро хеле камтар аз 35 номид, вале гуфт, пойинтарин унвони низомии боздоштшудагон лейтенант ва баландтаринаш генерал аст.
XS
SM
MD
LG