Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Крайслер" ҳамаи корхонаҳояшро мебандад


Ширкати амрикоии мошинсозии “Крайслер” эълон кард, ки аз рӯзи ҷумъа ҳамаи 30 корхонаи мошинсозиашро барои як моҳ мебандад. “Крайслер” мегӯяд, ба камбуди маблағ дучор шуда, тавони дар кӯтоҳфурсат пардохтани қарзҳояшро нахоҳад дошт. “Крайслер” ва “Ҷенерал Моторз” – ду ширкати бузургтарини мошинсозии Амрико ба хотири наҷоти худ аз вартаи мушкилоти молӣ хостори кӯмаки молии давлати Амрико шудаанд. Аммо Конгресс барномаи пешниҳодии 15-миллиарддолларии кӯмак ба соҳаи мошинсозии Амрикоро ахиран радд кард.
XS
SM
MD
LG