Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Газпром" тавзеъи газ ба Украинаро қатъ карданист


Сухангӯи ширкати “Газпром”-и Русия гуфт, агар Украина 2 миллиард қарзи ҷамъшудаашро напардозад, ин ширкат тавзеъи газ ба он кишварро аз 1 январ қатъ мекунад. Сергей Куприянов гуфт, “Газпром” то замони пардохт шудани ин қарз қарордоди фурӯши газ ба Украина барои соли ояндаро имзо намекунад ва он кишварро бо газ таъмин нахоҳад кард. Ӯ афзуд, ҷониби Украина роҳиҳалли гузаштомези “Газпром”-ро радд кард ва музокироти ду ҷониб дар ҳоли ҳозир вориди бунбаст шудааст.
XS
SM
MD
LG