Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни ҷиноии Тоҷикистон шадидтар мешавад


Маҷлиси Миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон, ба Қонуни ҷиноии кишвар тағйироте ворид кард, ки барои воридоти дорувори бесифатӣ ҷаълӣ ва замони истифодааш сипаришуда муҷозоти ҷиноӣ таъйин мекунад. Дар таҳрири нави қонуни ҷиноӣ, барои чунин аъмол то 2 сол ҳукми зиндон ва ё ҷарима ба маблағи аз 17 500 то 35 000 сомонӣ таъйин шудааст. Тибқи тағйироти ворида, ба атбоъи хориҷӣ додани шиносномаҳои тоҷикӣ аз ин ба баъд то 5 сол ҳукми зиндон муҷозот хоҳад дошт. Ҷазои марзшиканӣ дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон акнун аз 2 то 5 сол ҳукми зиндон ва ё ҷарима ба маблағи то 35 000 сомонӣ муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG