Пайвандҳои дастрасӣ

Кабӯтаронро аз Новосибирск ихроҷ мекунанд


Мақомоти Росселхознадзор дар вилояти Новосибирски Русия аз як талоши воридоти ғайриқонунии як навъи нодири кабӯтар ҷилавгирӣ кардаанд. 8 кабӯтари нодир ҳангоми тафтиши бори мусофири ҳавопаймои Душанбе –Новосибирск кашф ва мусодира шудааст. Мусофири дигар бо дидани чунин сурати ҳол қуттиеро, ки 13 кабӯтар дошт, партофта, фирор мекунад. Мақомоти Росселхознадзор мегӯянд, қочоқбарон мехостанд ин кабӯтарони нодирро бидуни асноди лозим ва ғолибан барои фурӯш вориди қаламрави Русия кунанд. Ворид кардани ин навъи кабӯтар ба ҳудуди Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши амрози сироятӣ манъ буда, гуфта мешавад, кабӯтарони боздоштшударо тавассути нахустин ҳавопаймое, ки ба Душанбе парвоз мекунад, ба Тоҷикистон ихроҷ хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG