Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазир ба мардумаш барқ ваъда медиҳад


Ба иттилоъи манбаъҳои расмии Қирғизистон, мардуми ин кишвар дар фасли сармо камбуди барқро эҳсос нахоҳад кард. Ба гуфтаи Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, вазъият пурра таҳти назорати ҳукумат қарор дорад. Вай афзудааст, ки чорабиниҳо дар мавриди ҷорӣ намудани лимити истифодаи нерӯи барқ дар саросари кишвараш беш аз 35 дарсади онро сарфаҷӯӣ намуд.

Ба таъкиди нахуствазири Қирғизистон, бо вуҷуди камбуди барқ кишвараш ҳаҷми содироти онро ба кишварҳои ҳамҷавор коҳиш нахоҳад дод. Гуфта мешавад, аз ҷумла, ин кишвар дар фасли тобистони соли 2009 ба Қазоқистон 600 миллион киловатт-соат нерӯи барқ содир хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Чудинов, вале дар муддати шаш соли ахир бори аввал муяссар гаштааст, ки Қазоқистон барои нерӯи барқи содирнашуда ба Қирғизистон пешакӣ 25 миллион доллари амрикоӣ пардохт намояд. Ба гуфтаи Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, кишвари ҳамҷавори он барои ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ чору аз даҳ шаш сенти амрикоӣ пардохт намудааст.

Қарор аст, ки Қирғизистон 25 миллион доллари гирифтаашро барои харидории ангишт ва мазут харҷ хоҳад кард ва ин ангишт ва мазут дар нерӯгоҳи барқи ҳароратии Бишкек истифода хоҳад шуд.

Татяна Анкудович, сухангӯи Вазорати барқ, саноат ва захираҳои маводи сӯхти ин кишвар таи як сӯҳбат бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ба манзури он ки оби сарбанди Тухтагул аз меъёр беш поин наравад, дар моҳи ноябр лимити истифодаи нерӯи барқро ҷорӣ намуда буданд. Татяна Анкудович гуфт, ки маҳз ба далели ҳамин чорабинӣ мардуми кишвараш дар фасли сармо камбуди барқро эҳсос нахоҳад кард.

Аммо Роза Отунбоева, депутати парлумони Қирғизистон аз ҷиноҳи ҳизби сосиал-демократ, бар ин назар аст, ки сармои шадид ҳанӯз фаро нарасидааст. Ба гуфтаи Роза Отунбоева, вай пеш аз пода чанг кардани мақомоти кишвараш дар мавриди расомади нерӯи барқро фоли нек намешуморад. Депутати парлумон мегӯяд, вале агар нахуствазири кишвараш мардумро итминони қотеъ диҳад ва ҳукумат аз ӯҳдаи ин ваъдааш баромада тавонад, нур болои нур хоҳад буд. Ба таъкиди Роза Отунбоева, ҳукумат тарҳеро бояд зери даст дошта бошад, ки агар зарурат пеш ояд, онро пиёда кунад ва мардум бебарқ намонад.
XS
SM
MD
LG