Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши квотаи муҳоҷирон: Пайёмадҳо барои Тоҷикистон


Ахиран, ҳукумати Русия қарор кард, ки шумори муҳоҷирини корӣ ва ё нерӯи кории хориҷӣ дар кишварашро барои соли оянда то 50 дар сад коҳиш бидиҳад.

Дар ҳоли ҳозир, бар асоси иттиллои манобеи расмӣ беш аз 600 ҳазор, вале бар пояи манобеи мустақил беш аз як миллион шаҳрванди қобили меҳнати Тоҷикистон зиндагии хонаводаҳои худро аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ дар Русия таъмин мекунанд ва ба таъйиди мақомот танҳо дар соли равон маблағи интиқолдодаи онҳо тавассути бонкҳо беш аз 2 миллиард долларро ташкил додааст. Ин маблағ баробар бо ду буҷаи солонаи Тоҷикистон аст.

Акнун, ки ҳукумати Русия ин шумораро то нисф коҳиш медиҳад, табиист, ки муҳоҷирин ба ватан бозмегарданд. Вале дар Тоҷикистон ҷойи кор ва маоши муносиб дарёфт карда наметавонанд. Чунин вазъият ба фазои сиёсии кишвар чӣ таъсир хоҳад гузошт ва оё ҳукумат ва ҷомеъаи Тоҷикистон то чӣ андоза ба паёмади он омода аст?

Ба ин суол ширкатдорони мизи гирди навбатии Радиои Озодӣ талоши посух додан хоҳанд кард. Дар меҳмонии барномаи «Чашмандоз» қарор доранд:

Саидумар Ҳусайнӣ - муовини раиси ҲНИТ,
Сайидаҳмади Қаландар - масъули маркази таҳлилии мавсум «Сипеҳр»,
Абдулло Қодирӣ - сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон,
Музаффар Зарифов – намояндаи Созмони байнулмилалии муҳоҷират

Ин сӯҳбатро метавонед бо пахши рамзи радио дар кунҷи болоии рости ин матлаб бишнавед.
XS
SM
MD
LG