Пайвандҳои дастрасӣ

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 146-ум


Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA) 17-уми декабр феҳрист ё рейтинги навини тимҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард. Тоҷикистон дар ин феҳрист байни 207 кишвари аъзои FIFA дар зинаи 146-ум қарор гирифт, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 зина поёнтар аст.

Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (72-юм) ва Қазоқистон (137-ум), пеш аз Туркманистон (148-ум) ва Қирғизистон (158-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 13-ум қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 9-ум мебошад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 15-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 3. Литва (51). 4. Латвия (67). 5. Узбакистон (72). 6. Беларус (84). 7. Молдова (97). 8. Гурҷистон (108). 9. Арманистон (113). 10. Эстония (119). 11. Озарбойҷон (134). 12. Қазоқистон (137). 13. Тоҷикистон (146). 14. Туркманистон (148). 15. Қирғизистон (158).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Олмон дар ҷои дуввум ва Ҳуланд дар ҷои севум мебошанд. Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, ба радифи 4-ум фуромад. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразилия, Аргентина, Хорватия, Инглистон, Русия ва Туркия ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) инҳоанд: Австралия (28), Ҷопон (35), Куриёи Ҷанубӣ (42), Эрон (43), Арабистони Саъудӣ (48), Ироқ (72), Узбакистон (72), Баҳрайн (80), Қатар (84) ва Уммон (96).

Тоҷикистон байни 46 дастаи мунтахаби кишварҳои аъзои AFC дар ҷои 22-юм қарор дорад.
XS
SM
MD
LG