Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷенерал Электрики Амрико бо Ироқ қарордод имзо кард


Ироқ бо як ширкати барқи амрикоӣ қарордоди 3 милиярд долларӣ имзо кард. Ин ширкат дар ихтиёри Ироқ таҷҳизоти тавлиди барқ мегузорад. Тибқи ин қарордод ширкати Ҷенерал Электрики Амрико 56 чархаи тавлиди барқ дар ихтиёри Ироқ хоҳад гузошт, ки бо гоз фаъолият мекунад. Ин чархаҳо метавонанд тақрибан 7 ҳазор мегабайт нируи барқ тавлид кунанд. Ҳукумати Ироқ ба нақша гирифтааст, ки ин чархаҳоро дар саросари Ироқ насб кунад. Ҳоло қатъи нируи барқ дар Ироқ ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар солҳои ҷанг ба шабакаҳои интиқоли барқ ва ниругоҳҳо осеб расидааст.
XS
SM
MD
LG