Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Руссияву Гурҷистон дар Женев идома дорад


Намояндагони Руссияву Гурҷистон дар Женев ба даври севвуми музокироти худ идома медиҳанд. Ин музокирот баъд аз ҷанги моҳи августи солии ҷории миёни ҷонибҳо оғоз шуд. Ҳайатҳои ҷонибҳо дар мақарри СММ дар Женев дар сари наҳор бо ҳам мулоқот карданд. Онҳо дар мулоқотҳои ғайрирасмӣ масъалаҳои паноҳҷуён ва амниятро, ки ба ҷанг иртибот дорад, баррасӣ мекунанд. Моҳи ноябр ҳайатҳои ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки намояндагони Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхозистон низ дар музокироти ғайрирасмӣ ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG