Пайвандҳои дастрасӣ

ОПЕК коҳиши истихроҷи нафтро таъйид кард


Вазирони ОПЕК ё кишварҳои содиркунадаи нафт ба тавофуқ раисдаанд, ки истихроҷи нафтро рузе 2 милиёну 200 ҳазор бушка камтар кунанд, то бад-ин тариқ аз коҳиши нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд. Аз соли 1982 ба ин су ҳеҷ гоҳ ин кишварҳо истихроҷи нафтро ба чунин миқдор кам накарда буданд. Вазирони ОПЕК ин тасмими худро дар эъломияе баъд аз мулоқоти худ дар шаҳри Орани Алҷазоир мунташир сохтанд. Игор Шехин-муовини нахуствазири Руссия низ дар мулоқоти ОПЕК ширкат дошт. Вай гуфт:

"Мо истихроҷи моҳонаи нафтро дар моҳи ноябр якуним милиён тон кам кардем, ки он рузе 350 ҳазор бушкаро ташкил медиҳад. Бо чунин нархҳо ширкатҳои Руссия истихроҷи худро дар соли оянда барои содирот 16 милиён тон кам мекунанд".

Моҳи июл нархи як бушка нафт 147 долларро ташкил медод, вале баъд аз он нарх ба шиддат поин омад ва рузи сешанбе барои як бушка ба 43 доллар расид.

XS
SM
MD
LG