Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обамаро "Чеҳраи соли 2008" номиданд


Маҷаллаи мӯътабари “Тайм”- и чопи Амрико раиси ҷумҳури мунтахаби ин кишвар Барак Обамаро “Чеҳраи соли 2008” баргузидааст, ки як ифтихоре барои он фард маҳсуб мешавад. Маҷаллаи “Тайм” гуфтааст, Барак Обамаро “барои бо итминон тарҳрезӣ кардани ояндаи орзумандона дар замони тира” чеҳраи соли 2008 интихоб кард. Ба қавли маҷалла, Барак Обама мардуми саросари ҷаҳонро тасхир намудааст.

XS
SM
MD
LG