Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи қазияи хабарнигори кафшандоз


Мунтазир Зайдӣ - хабарнигори ироқӣ, ки кафшҳояшро ба сӯи Ҷорҷ Буш – раиси ҷумҳури Амрико андохт, имрӯз ба назди додрасе ҳозир карда шуд, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Бародари хабарнигор Дурғом Ал- Зайдӣ гуфт, ки Мунтазир Зайдӣ ба додгоҳе дар минтақаи сабзи Бағдод ҳозир карда шудааст. Бар асоси қонунҳои Ироқ метавонанд, ин хабарнигорро барои таҳқири раҳбари кишвари хориҷӣ то ба ҳафт соли зиндон маҳкум кунанд. Ба гуфтаи бародараш, Мунтазир Зайдиро, ки баъди латукӯб аз тарафи маъмурони амниятӣ дасту қабурғааш шикастааст, барои табобат ба бемористони Ибни Сино дар минтақаи сабз бурдаанд. Аммо то кунун манбаъи мустақиле хабари латукӯби хабарнигорро таъйид накардааст.

XS
SM
MD
LG