Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти сокинони бебарқ аз бепарвоии масъулин


Сокинони бинои зисти панҷошёнаи рақами 6 дар маҳаллаи 12 – уми шаҳри Хуҷанд, ҳудуди 50 хонавода панҷ шабонарӯзи ахир дар хонаҳои торику сард ба сар мебаранд. Онҳо мегӯянд, шабакаи барқи хонаашон хароб шудааст, аммо ходимони хадамоти барқрасонӣ ба кӯмаки ҳозир намешаванд: «Аз одамон пул ҷамъ кардем, ба чи қадар идораҳо сар халондем, аммо ягон раҳбар то имрӯз омада, аз ҳоли мо хабар нагирифт. Ин аз рӯи одоби одамӣ ҳам несту одоби мусалмонӣ ҳам не. «Ҳамроҳи кӯдакону мӯсафедҳо хонаҳоямон сарду торик гуфта, то дери шаб дар ҳавлӣ алов карда мешинем.»
«Мо ҷои сӯхта порагаштаи кабелро ёфта, булдозер оварда, заминро кофтем, аммо ҳеҷ не, ки омада таъмир кунанд.»

Ба ин манзил чун қисматҳои дигари ин маҳали Хуҷанд гази табиӣ интиқол дода намешавад. Онҳо мегӯянд, ки дар чунин шароит зиндагӣ барояшон дар бинои бисёртабақа тоқатфарсо гаштааст. Мусоҳибонам таъкид карданд, ки ҷиҳати дарёфти ёрӣ дар васли хати барқ ба масъулини идораҳои барқ, хадамоти садамавии барқрасонӣ, идораи манзил ва шаҳрдории Хуҷанд муроҷиат карданд, аммо то ҳанӯз касе ба ёрӣ нарасидааст.

Ҷумъа Воҳидов – сармуҳандиси идораи шабакаи барқи Хуҷанд дар шарҳи ин қазиа гуфт, имрӯзҳо ин гуна садамаҳои хати барқ зиёд рух медиҳад ва ходимони хадамоти садамавии барқ имкони саривақт расидагӣ ба ҳалли онҳо надоранд: «Вале кормандони мо як маротиба рафта, калиди дари трансформаторро наёфта баргаштанд. Онҳо вақт надоранд, ки нигоҳ карда шинанд... Аммо ҳозир мо ин муамморо ҳал карда истодаем - кормандони хадамоти садамавӣ рафтагӣ. Кабелҳои барқи он биноро нав кардан даркор. Дар як – рӯз ин проблема ҳал мешавад . Фақат сокинон кабели нав хариданашон даркор.»

Ҷ. Воҳидов афзуд, ки бо зери сифр рафтани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои ахир ва интиқоли аз ҳад зиёди барқ аз ҷониби аҳолӣ хатҳои барқ ва трансформаторҳо зиёд хароб мешавад, то ҷое, ки 10 гурӯҳи хидматрасонии фаврӣ имкони саривақт барқарор намудани хатҳои барқи харобгаштаро надорад. Оқои Воҳидов муқоиса кард, ки агар дар соли 1990 - и милодӣ маркази вилояти Суғд бо дарёфти 800 ҳазор киловатт/соат тамоми ниёзҳои шабонарӯзии худро бо нерӯи барқ бароварда месохт, ҳамакнун барои ин 1 миллиону 800 ҳазор/киловатт соат кофӣ намебошад.

Ба гуфтаи масъулин, қисмати умдаи шабакаҳои барқи Суғд дар 30 – 40 сол пеш бунёд шуда, мӯҳлати истифодаи он кайҳо ба поён расидааст. Барои навсозии он маблағҳои ҳангуфт талаб мешавад, вале буҷаҳои маҳаллӣ дар ихтиёр надорад. Дар чунин шароит маблағҳои васлу навсозии хати барқ ва таъмири марказҳои барқрасонӣ тавассути идораи манзил аз кисаи сокинон ҷамъ оварда мешавад. Зимнан, сокинони бинои истиқоматии мазкур дар Хуҷанд гуфтанд, ки барои аз нав кашидани хати барқи харобгаштаи худ 1200 сомонӣ, ҳудуди 350 доллари амрикоӣ гирд овардаанд.

Ёдовар мешавам, имрӯзҳо сокинони Хуҷанд 16 - 17 соат ва дар маҳалҳо 6 – 8 соат дар шабонарӯз ба манзилҳои худ барқ мегиранд.
XS
SM
MD
LG