Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими ОПЕК ба коҳиши тавлиди нафт


Раиси ОПЕК Шакиб Халил (аз чап) ва Дабири кулли ОПЕК Абдуллоҳ Салим Ал-Бадрӣ.
Раиси ОПЕК Шакиб Халил (аз чап) ва Дабири кулли ОПЕК Абдуллоҳ Салим Ал-Бадрӣ.

Вазирони ОПЕК -- Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт тасмим гирифтанд, барои эҷоди тавозун дар пешниҳоди нафт ва талаботи коҳишёбанда ба он истихроҷро ду миллион бушка дар рӯз коҳиш диҳанд.

Ба ин тартиб пешниҳоди нафт аз саҳми маъмулӣ қариб 7 дарсад камтар хоҳад шуд. Ин бузургтарин буридани саҳми тавлид аз замони таъсиси ОПЕК дар 50 соли пеш аст. Вале коршиносон мегӯянд, агар коҳиш дар ин ҳаҷм намешуд, гумон аст, ба бозор таъсиргузор бошад.

13 узви ОПЕК тайи моҳҳои ахир камаш ду дафъа тавлиди нафтро коҳиш доданд, зеро пас аз расидан ба баландтарин нуқтаи баробар бо 147 доллар дар моҳи июл нархи нафт рӯ ба поён ниҳод ва акнун 70 дарсад фурӯ афтодааст. Ҳанӯз пеш аз ҷаласаи вазирони нафти ОПЕК дар Орани Алҷазоир, вазири Арабистони Саудӣ Алӣ Ал-Наимӣ гуфт, фурӯойии нарх бар асари бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастаст ва ҳаҷми коҳиш аз тарафи ҳамаи аъзои паймон мусбат арзёбӣ мешавад:

"Ба иллати вазъи молиявӣ пешниҳод ҳамоно аз талабот бештар аст. Ҳисобу китоб низ аз меъёр болотар мебошад. Барои расидан ба мувозанат дар ин нишаст сӯҳбат аз коҳиши думиллионбушкаӣ меравад."

Бо вуҷуди тасмими нави ОПЕК коҳиши пешниҳоди нафт дар бозор амалан 600 ҳазор бушка бештар хоҳад буд. Содиркунандагони нафт, ки узви ОПЕК нестанд, ба монанди Русия ва Озарбойҷон низ тасмим гирифтанд, ҳар кадом тавлиди шабонарӯзиро 300 ҳазорбушакӣ коҳиш диҳанд. Рӯзи сешанбе Дабири кулли ОПЕК Абдуллоҳ Салим Ал-Бадрӣ аз кишварҳои берун аз ОПЕК даъват карда буд, тақрибан ба ҳамин миқдор тавлиди нафтро коҳиш диҳанд ва ба эътидоли бозор мусоидат кунанд.

Барои Озарбойҷон ин аввали ҳамоҳангияш бо ОПЕК аст, аммо Русия, Мескик ва Норвегия аз соли 1999 бо тасмимҳои ин созмон ҳамоҳангӣ нишон медиҳанд. Русия дар посух ба умедвории сарони ОПЕК дар марвиди узвият гуфтааст, дар ҳоли ҳозир мақсад надорад ба сафи Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ворид шавад, аммо мехоҳад, дар ин паймон мақоми нозир дошта бошад.
XS
SM
MD
LG