Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳодоти ҳизбиён барои ҳимояи муҳоҷирон


Бархе аҳзоби сиёсии Тоҷикистон хостори қотеъияти бештари давлат дар баробари ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирини кори тоҷик ва таъмини амнияти ҷони онҳо дар Русия шудаанд.

Ин мавзеъгирии аҳзоби сиёсӣ ба дунболи интиқоли ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон аз Маскав сурат мегирад, ки бо дасти гурӯҳҳои миллатпарасти рус кушта ва сараш аз танаш ҷудо шудааст. Ахиран, Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ зимни эътирозе аз вуқӯъи ин ҳодиса мавориди афзоиши куштори муҳоҷирони тоҷик дар заминаи бадбинии қавмӣ ва нажодиро таъйид карда ва хостори расидагии мақомоти Русия ба ин ҳодиса шудаааст. Аммо, аҳзоби сиёсӣ талошҳои давлат дар ин заминаро нокифоя медонанд.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили МН ва раиси ҲНИТ зимни баргузор кардани як нишасти хабарӣ дар ин замина гуфт, ба манзури расидагии ҷиддӣ ба масоили муҳоҷирин бояд вазорати кор бо муҳоҷирон ташкил шавад. Оқои Кабирӣ афзуд, масъалаи муҳоҷирин аз як масъалаи иҷтимоӣ, ба масъалаи сиёсӣ ва амниятӣ табдил шудааст ва ба он бояд аҳамияти бештар қоил шуд.

Раҳматуло Валиев, муовини раиси ҲДТ, ҷиноҳи М. Искандаров мегӯяд, тибқи Сарқонун давлати Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони худ дар хориҷ аз кишвар низ муваззаф аст. Аммо то кунун дар ин замина корҳои чашмрасе анҷом нашудааст. Ба ақидаи оқои Валиев, агар давлати Тоҷикистон мавзеъи ҷиддитареро дар баробари ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони кории худ иттихоз накунад, вазъ ислоҳ нахоҳад шуд, балки метавон боз ҳам мавридҳои бештари поймол шудани ҳуқуқ ва ҳатто қатли муҳоҷирони кориро дар Русия интизор дошт.

Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон мегӯяд, ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон, аз ҷумла, сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва намояндагиҳои
хадамоти муҳоҷират, ки дар чандин вилояти Русия амал мекунанд, фаъолияти худро бояд бознигарӣ кунанд. Ва аз мақомоти Русия иҷрои қотеъи қарордоди байнидавлатӣ дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон аз соли 2004-ро тақозо кунанд.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири кории тоҷик ба сар мебарад, ки маблағи интиқолмекардаи онҳо шароити маишати аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистонро таъмин мекунад. Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, ин воситаҳо баробари буҷаи яксолаи давлати Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG