Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон: Миллати ман ҷиноят накардааст"


Раҷаб Тайиб Эрдуғон - нахуствазири Туркия мегӯяд, ба гурӯҳи зиёни кишвараш, ки барои куштори дастаҷамъии арманиҳо дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Якум аз Арманистон узр хостанд, ҳамроҳ нахоҳад шуд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон гуфт, "агар ҷинояте шуда бошад, пас содиркунандагонаш метавонанд, узрхоҳӣ кунанд. Миллати ман ва кишвари ман чунин масъала надорад”. Поёни иқтибос. Ба гуфтаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон узрхоҳии зиёни кишвараш метавонад, ба муносиботи беҳбудёбандаи Туркия ва Арманистон латма занад. Рӯзи душанбе 200 нафар аз зиёиёни Туркия бо нашри баёнияе дар Интернет аз мардуми Арманистон барои қатли садҳо ҳазор арманӣ аз тарафи туркони усмонӣ дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Якум узр хостанд.
XS
SM
MD
LG