Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи охирини «Регар» ТадАЗ


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар охирин дидори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бар тими меҳмон - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа - бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ, ки бо 101 имтиёз аз 40 бозӣ ғолиби мусобиқот шуд, барои ҳафтумин бор бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад.

Барои дарёфти медалҳои нуқра дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров талош меварзанд. Дар ҳамин ҳол «Хуҷанд» бо 88 имтиёз ҷои дуввумро касб кардааст. «Парвоз», ки 17-уми декабр дар меҳмонӣ тими «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:2 мағлуб сохт, бо 87 имтиёз дар ҷои севум мебошад. Воқеъан, дар ин бозӣ ҳамлагари «Парвоз» Нӯъмон Ҳакимов 3 гол ба самар расонд. Н. Ҳакимов ва ҳамлагари «Энергетик» Сӯҳроб Ҳамидов, ки ҳар кадом 29-голӣ задаанд, дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷои аввал мебошанд.

«Парвоз» бозии пешазохиринашро 19-уми декабр дар варзишгоҳи «Спартак»-и Душанбе бо тими «Энергетик» анҷом медиҳад.

Соҳибони медалҳои нуқраву биринҷӣ дар бозии охирини мусобиқоти имсола байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Парвоз», ки 22-юми декабр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, муайян хоҳанд шуд.

Бозии ду дастаи Душанбе - «Гвардия» ва «Динамо» - бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Мавқеъи дастаҳо то 18-уми декабр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

40

32

5

3

129-36

101

2.

«Хуҷанд»

39

28

4

7

71-31

88

3.

«Парвоз»

38

27

6

5

87-28

87

4.

«Вахш»

39

21

3

15

59-44

66

5.

«Энергетик»

37

18

4

15

695-49

58

6.

«Тоҷиктелеком»

39

18

2

19

65-64

56

7.

«Динамо»

36

14

9

13

47-48

49

8.

«Саройкамар»

38

8

5

25

43-85

29

9.

«Равшан»

40

7

6

27

43-103

27

10.

«Гвардия»

39

6

7

26

31-82

25

11.

CСKA «Помир»

39

7

2

30

21-95

23

Бозиҳои охирини мусобиқоти имсола:

19-уми декабр – «Энергетик» - «Парвоз»
20-уми декабр – «Динамо» - «Тоҷиктелеком»
22-юми декабр – «Динамо» - «Вахш», «Хуҷанд» - «Парвоз»
25-уми декабр – «Энергетик» - «Динамо».
XS
SM
MD
LG