Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти ОПЕК дар Алҷазоир шурӯъ шуд


Дар Алҷазоир имрӯз нишасти вазирони кишварҳои узви ОПЕК – созмони кишварҳои аслии тавлидкунандаи нафт шурӯъ шуд, ки интизор меравад, дар он масъалаи боло бурдани қимати нафт ва коҳиши содироти он ба бозорҳои ҷаҳонӣ баррасӣ шавад. Мақомоти ОПЕК гуфтаанд, 13 кишвари узв дар нишаст эълом хоҳанд дод, ки тавлиди рӯзонаи нафти хом тақрибан 2 миллион бӯшка камтар хоҳад шуд. Пас аз муқаррар кардани меъёри содироти нафт аз тарафи ОПЕК дар сози 1982 бори аввал аст, ки созмон содироти нафти хомро ба ин ҳад коҳиш медиҳад. Қабл аз оғози нишаст, Русия ва Озарбойҷон, ки аз узви ОПЕК нестанд, гуфтанд, ҳозиранд содироти нафти худро то 600 ҳазор бушка дар як рӯз кам кунанд. Намояндагони олирутбаи ду кишвар дар нишасти ОПЕК ба ҳайси нозир ширкат меварзанд. Қимати нафт рӯзи сешанбе дар бозорҳои ҷаҳонӣ боз ҳам поён омада ва масалан дар бозори Ню Йорк барои ҳар бӯшка тақрибан 44 долларро ташкил дод. Дар панҷ моҳи пеш дар моҳи июл қимати ҳар бӯшка нафт то ба 147 доллар расида буд.
XS
SM
MD
LG