Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳамкорони" Ал-Қоидаро дар Хуст куштаанд


Низомиёни Амрико имрӯз гуфтанд, ки ҳамроҳ бо сарбозони Афғонистон шаби гузашта ба як қароргоҳи афроди марбут Ал-Қоида ҳамла карда ва се тани онҳоро куштанд. Грегорӣ Ҷулиан як сухангӯи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон гуфт, ҳарсе нафар, ки яке аз онҳо зан будааст, ҳамчун афроди ҳамкор бо Ал-Қоида махсус ҳадаф гирифта шуданд. Дар ин амалиёт дар шаҳри Хуст ҳамчунин як зани дигар ҷароҳат бардоштааст, ки ӯро ба шифохонаи нерӯҳои эътилофӣ бурдаанд. Аммо Ҷаҳонгир Паштун сухангӯи волии Хӯст гуфтааст, он афрод ҳама мардуми осоишта буда ва ба сӯи нерӯҳои хориҷиву афғон тир наандохтаанд.

XS
SM
MD
LG