Пайвандҳои дастрасӣ

4 афсари пулис дар Узбакистон зиндонӣ шуданд


Гузориш мешавад, ки додгоҳи Узбакистон чаҳор нафар афсарони пулисро аз 8 то 17 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Онҳо барои шиканҷаи зиндониён, ки сабаби қатли онҳо шудааст, маҳкум ба чунин муҷозот шудаанд. Зулхумор Туйчиева-модари Музаффар Туйчиев- яке аз қурбониёни шиканҷа ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, додгоҳи Тошканд дар ин бора ҳукми худро 12-уми декабр содир кардааст. Музаффар моҳи март дар зиндони пулис ҷон дод. Гуруҳҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар мунтазам аз Узбакистон барои нақзи ҳуқуқи башар интиқод мекунанд.
XS
SM
MD
LG