Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба рузноманигори ироқӣ чӣ ҷазо пешбинӣ мешавад?


Кохи Сафеди Амрико мегуяд, Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико нисбат ба рузноманигори ироқӣ, ки дар Бағдод ба суяш пойафзол андохтааст, "ҳеҷ кина надорад". Дана Перино-сухангуи Кохи Сафед гуфтааст, раҳбарони Ироқ бояд тасмим бигиранд, ки ба Мунтазар ал Зейдӣ-рузноманигори телвизюни ал Бағдодия чӣ муҷозот пешбинӣ мешавад. Мунтазар рузи якшанбе дар Бағдод дар ҷараёни нишасти хабарии Ҷорҷ Буш ба суи вай пойафзолашро партоб кард. Дар Ироқ ин муҷозот баррасӣ мешавад, ки оё ин рузноманигор дар додгоҳ бояд бо иттиҳоми таҷовуз ба як раҳбари хориҷӣ ҳозир шавад ё бо иттиҳоми дигаре.
XS
SM
MD
LG