Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои афсарони полис барои шиканҷа дар Узбакистон


Додгоҳи Узбакистон чаҳор корманди полисро барои шиканҷаи марговари як боздоштшуда ба мӯҳлатҳои аз 8 то 17 сол маҳкум ба зиндон кард. Хабаргузории Франс-Пресс ба нақл аз Зулхумор Туйчиева, модари Музаффар Туйчиев, ки бар асари ин шиканҷаҳо кушта шудааст, гуфтааст, ҳукми мазкур рӯзи 12-уми декабр дар додгоҳи вилояти Тошканд эълон шудааст. Хабаргузорӣ мегӯяд, як намояндаи давлат низ ин иттилоъро тасдиқ кард. Туйчиев моҳи март дар маҳбас ба ҳалокат расид. Созмонҳои ҳуқуқи башар пайваста Узбакистонро дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG