Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даст ва қабурғаи журналисти кафшандози ироқӣ шикастааст


Бародари журналисти ироқӣ, ки дар нишасти хабарие дар Бағдод кафшҳои худро ба сӯи президенти Амрико Ҷорҷ Буш ҳаво дод мегӯяд, пас аз мудохилаи кормандони амниятӣ, ки бародарашро боздошт карданд, даст ва қабурғаи хабарнигор шикаста шудаанд. Мунтазир Ал-Зайдии 29-сола хабарнигори телевзиони хусусии Ал-Бағдодия дафъатан пас аз партоби пойафзолаш ба сӯи Буш боздошт гардид. Дарғам Зайдӣ, бародари ӯ гуфта натавонист, шикасти дасту қабурғаи Мунтазир ҳангоми боздошт ба амал омада ва ё дертар дар боздоштгоҳ.
XS
SM
MD
LG