Пайвандҳои дастрасӣ

Созиши нотамоми ширкатҳои гази Тоҷикистон ва Узбакистон


Ширкати «Тоҷикгаз»-и Тоҷикистон хабар дод, ки бо ҷониби Ӯзбакистон дар мавриди ҳаҷми воридоти гази табиӣ барои соли оянда созиш ҳосил кардааст. Раиси ин ширкат Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, ба радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон дар соли 2009 аз Ӯзбакистон 550 миллион метри мукааб газ хоҳад гирифт, ки дар муқоиса бо соли пеш сад миллион метри мукааб камтар аст. Аммо, афзуд намояндаи Тоҷикистон, ду кишвар ҳанӯз бар сари нархи газ ба созиш нарасидаанд. Узбакистон гуфтааст, ки аз ин ба баъд газро бо нархҳои ҷаҳонӣ хоҳад фурӯхт. Чунончи Тошканд қимати ҳар ҳазор метри мукааб газро барои Қирғизистон 300 доллар муқаррар кардааст.
XS
SM
MD
LG