Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли боз як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав


Дар Маскав боз як шаҳрванди тоҷик ба зарби корд кушта шудааст. Хабаргузориҳо мегӯянд, ҷавони 22-солаи тоҷик дар маҳаллаи Госпиталний вали шаҳри Маскав аз захмҳои сершумор дар тахтапушт, сари сина ва китфонаш ҷон додааст. Ин дувумин тоҷикест, ки дар ин моҳ дар Маскав ба қатл мерасад. Шашуми декабри шаҳрванди дигари Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов на танҳо кушта шуд, балки сари ӯ аз танаш ҷудо карда шуда, ба наздикии як идораи ҳукумати маҳаллии Маскав партофта шудааст. Қарор аст, тобути Азизов субҳи чаҳоршанбе, 17-уми декабр ба Душанбе интиқол хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG