Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи коҳиши нархи нафт дар остонаи нишасти ОПЕК


Нархи нафт дар бозорҳои Осиё дар ростои ҷаласаи навбатии кишварҳои содиркунандаи нафт - ОПЕК, коҳиш ёфт ва дар Сингопур ба 44-у ним доллар барои як бушка расид. Эҳтимол меравад, ОПЕК, ки таъминкунандаи 40 дарсади нафти ҷаҳон аст, бо эълони коҳиши истихроҷ аз фурӯлағжии бештари нарх ҷилавгирӣ кунад. Ҷаласа рӯзи чоршанбе дар Алҷазоир баргуор мешавад. Нархи нафт баъд аз авҷи олии баробар бо 147 доллар барои як бушка дар моҳи июл рӯ ба коҳиш аст.
XS
SM
MD
LG