Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи маводи мунфаҷира дар маркази Порис


Полиси Фаронса мегӯяд, имрӯз дар яке аз фурӯшгоҳҳои маркази Порис панҷ бастаи маводи мунфаҷира кашф кард ва ин маҳалро дар муҳосира гирифт. Пас аз ҳушдоре аз номи як гурӯҳи то ҳол номаълуми Ҷабҳаи инқилобии Афғон мардум аз фурӯшгоҳи Принтемс ба ҷои бехафв кӯчонда шуданд. Ин гурӯҳ дар номае ба хабаргузории Франс-Пресс аз ҳукумати Фаронса хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон талаб кардааст. Вазорати умури дохилии Фаронса мегӯяд, ба маводи тарканда мунфаҷиркунанда насб нашудааст. 2600 сарбози Фаронса дар ҳайати Нерӯҳои байнулмилалии таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон мустарақанд.
XS
SM
MD
LG