Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави дзюдои Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии гуштии дзюдои Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, шоми 16-уми декабр ба анҷом расид.

Саркотиби ин мусобиқа Сарахон Эмомов ба радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати ҷумҳуриявӣ беш аз 100 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд.

Шаш варзишгари шаҳри Душанбе - Ҷамшед Халилов дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг, Фаррух Собиров (то 73 кг), Ҷӯрахон Назаров (то 81 кг), Раҳматуллоҳ Абдуллоев (то 90 кг), Ҳикматуллоҳ Ҳикматов (то 100 кг) ва Абдулҳамид Раҳимов ( + 100 кг) ба унвони қаҳрамони дзюдои Тоҷикистон даст ёфтанд.

Инчунин ду паҳлавони ноҳияи Рӯдакӣ - Қурбонназар Ҳафизов дар вазни то 66 кг ва Нурулло Шарифов дар вазни мутлақ - ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG