Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз Узбакистон барои соли оянда дар ҳаҷми 550 миллион мукааб метр гази табиъӣ ворид хоҳад кард, ки ин рақам дар муқоиса бо солҳои пешин 100 миллион мукааб метр камтар аст.

Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, раиси ширкати «Тоҷикгаз» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ таъйид кард, ки бо ҷониби Ӯзбакистон дар мавриди ҳаҷми воридоти гази табиӣ тавофуқ ҳосил шудааст. Аммо дар ин музокирот ҳарду ҷониб натавонистаанд сари баҳои гази табиӣ ба созиш бирасанд.

Оқои Мӯҳсиддинов гуфт, бо назардошти болоравии баҳои гази табиӣ дар бозори ҷаҳонӣ дар се соли ахир нархи ҳар 1000 метри мукааб гази табии воридотӣ аз Ӯзбакистон аз 55 доллар то ба 145 доллар афзоиш пайдо кард, ки боиси варшикаста шудани қисмати аъзами корхонаҷоти саноатӣ дар Тоҷикистон шуд. Бинобар ин сабаб ва ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба идомаи тамоюли коҳиши баҳои маводди сӯхт дар тамоми олам аз ҳамтоёни ӯзбаки худ хостаанд, то нархи фурӯши маҳсулоти худро коҳиш диҳанд ва ё ҳадди ақал дар ҳамин сатҳи имрӯзааш нигаҳ доранд. Аммо ҷониби Ӯзбакистон хоҳиши онҳо напазируфта, баръакс бар афзоиши нарх ишора кардааст.

Раиси ширкати «Тоҷикгаз» гуфт, аз 650 то ба 550 миллион метр коҳиш додани ҳаҷми интиқоли гази табиӣ бо хоҳиши ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Чаро ки дар ду соли ахир ба иллати гаронии нарх амалан натавонистаанд, ин миқдори газро харидорӣ кунанд. Ва дар соли равон низ ҳаҷми воридот аз 510 миллион метрии мукааб бештар намешавад.

Раиси ширкати «Тоҷикгаз» гуфт, яке аз мушкилоти мавҷуд дар амри таъмини аҳолӣ ва корхонаҷот ин аст, ки онҳо дар баробари ҳамтоёни худ наздики нӯҳ миллион доллари амрикоӣ қарздор мебошанд. Ба ҳамин сабаб, дар тобистон ва тирамоҳи соли ҷорӣ ҷониби Ӯзбакистон ҳаҷми интиқоли гази табииро то 50 дар сад коҳиш дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъйиди раиси ширкати «Тоҷикгаз», корхонаҷоти бузурги саноатии кишвар - «Тоҷиксемент», «Тоҷиказот» ва ширкати «Барқи тоҷик» аз қарздорони асосӣ дар назди ин ширкатанд ва дар ҷаласаи ахири ҳукумат масъулини ин корхонаҳо дастур гирифтаанд, ки ҳарчӣ зудтар бо «Тоҷикгаз» ҳисобӣ кунанд.


Оқои Мӯҳсиддинов ҳамчунин гуфт, феълан, танҳо аҳолии шаҳри Душанбе наздики 40 миллион сомонӣ маблағи истифодаи гази табииро пардохт накардааст, дар ҳоле ки дар як шабонарӯз беш аз ду миллион метрии мукааб гази табиӣ вориди кишвар мешавад. Аммо як сокини шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, тайи шаш моҳи ахир аз истифодаи гази табиӣ маҳрум аст, ҳарчанд ҳамеша пули онро саривақт пардохт мекард.

Бо ин ҳама давлати Тоҷикистон талош дорад барои рафъи мушкилоти камбуди гази табиӣ дар кишвар аз манобеъ ва захоири худ истифода кунад. Ва дар ин замина барномаҳои муштаракеро бо ширкатҳои амрикоӣ ва русӣ рӯи даст гирифтаст. Дар ҳоли ҳозир, ширкати «Тетис Петролиум Лимитед»-и амрикоӣ ва ширкати «Газпром»-и Русия ба кашф ва истихроҷи захоири газ дар Тоҷикистон пардохтаанд. Ва дар чанд рӯзи қабл ширкати «Тетис Петролиум» аз барқарории конҳои пешини гази табиӣ дар атрофи пойтахт ва вилояти Хатлон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо хабар мунташир кард.

Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, раиси ширкати «Тоҷикгаз» гуфт, музокироти онҳо бо ҷониби Ӯзбакистон барои таъйини баҳои нархи гази табиӣ ба анҷом нарасида, ва идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG