Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон дар нишасти сарони ИДМ ширкат хоҳад кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ рӯзи ҷумъа дар Қазоқистон ширкат хоҳад кард. Ба иттилоъи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, қарор аст, сарони кишварҳо чораҳои муштараки посух ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро баррасӣ кунанд. Гуфта мешавад, бӯҳрон ба риштаҳои асосии иқтисодиёти ҳамаи кишварҳои узв таъсир расондааст, аммо ҳамоҳангии онҳо дар баробари бӯҳрон ҳанӯз ташаккул наёфтааст.
XS
SM
MD
LG