Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирии полис ва тазоҳуркунандагон дар Алмато


Нерӯҳои амниятии Қазоқистон бо наздик ба 400 эътирозгар дар шаҳри Алмато дар Рӯзи истиқлолияти миллии Қазоқистон даргир шуданд. Тазоҳуркунандагон бо эътироз аз ҳалношуда боқӣ мондани масъалаи манзил истеъфои ҳукуматро талаб карданд. Даргирӣ замоне сар шуд, ки полис хост, Ойнур Қурманов, раиси созмони сабтиномнашудаи ғайридавлатиро ба ҳабс гиранд. Қурманов дар гуфтугӯи телефонӣ бо радиои Озодӣ аз боздоштгоҳи полис гуфт, тазоҳуркунандагон ҳамчунин барои ёдбуди қурбониёни намоиши эътирозии моҳи декабри соли 1986 ба майдон омаданд. Он вақт нерӯҳои Шӯравӣ тазоҳуроти донишҷӯёнро саркӯб карда буд. Қазоқистон имрӯз 17-умин бор аст, ки аз истиқлолияти худ таҷлил мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG