Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳероинро аз Қирғизистон бароварда натавонистанд


Ба иттилоъи дафтари матбуоти Оҷонси давлатии мубориза бо маводи мухаддири Қирғизистон, бар асари анҷоми як амалиёти вижаи кормандони ниҳоди мазбур аз Олег Яскевич ном шаҳрванди 40-солаи ин кишвар 119 кило маводи мухаддир мусодира гардид. Ин манбаъ меафзояд, ки 98 килои ин маводро афюн ва 20 килои онро ҳероин ташкил мекунад

Дафтари матбуоти Оҷонси давлатии мубориза бо маводи мухаддир тазаккур додааст, ки маводи мухаддири аз Ясевич мусодира гардида, дар Афғонистон тавлид шуда, ва тавассути қаламрави Тоҷикистон вориди марзи Қирғизистон шудааст. Дар се соли ахир бори аввал ин миқдор маводи мухаддир мусодира шудааст.

Кумарбек Чолдонбоев, сухангӯи Оҷонси давлатии назорат бар маводи мухаддир, таи як сӯҳбати телефонӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, қочоқбарон барои интиқоли маводи мухаддир ба ҳайси кишвари тронзитӣ бештар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро истифода мекунанд.

Ба таъкиди ӯ, 119 кило маводи мухаддири мусодирашуда мебоист ба Русия интиқол меёфт, вале гурӯҳи қочоқбарон дар мавриди интиқоли он шикаст хӯрданд. Кормандони Оҷонси давлатии назорат бар маводи мухаддири Қирғизистон дар паи таҳқиқи ҳодисаи мазбур ҳастанд, ки Яскевич чӣ тавр ин маводи мухаддирро аз Тоҷикистон вориди марзи Қирғизистон кардааст. Ба гуфтаи дастандаркорони ин ниҳод, дар ояндаи наздик таҳқиқи ҳодиса рӯшан хоҳад кард, ки аъзои боқимондаи ин гурӯҳи ҷиноӣ киҳоянд ва шабакаи ин гурӯҳ то куҷо доман фарох кардааст.

XS
SM
MD
LG