Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Хуҷанд» ва «Парвоз» - муддаъиёни медалҳои нуқра


Ду бозии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Вале дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ аз тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

«Регар» ТадАЗ, ки бо 98 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш 18-уми декабр дар майдони худ бо «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо медалҳои тиллои мусобиқот мукофотонида хоҳад шуд.

Барои дарёфти медалҳои нуқра дастаҳои «Хуҷанд» ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров талош доранд. «Хуҷанд» бо 85 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Парвоз» бо 84 имтиёз дар ҷои севум мебошанд. Вале «Парвоз» як бозӣ камтар анҷом додааст.

Ба назари коршиносон тақдири медалҳои нуқра дар бозии охирини мусобиқоти имсола байни «Хуҷанд» ва «Парвоз», ки 26-уми декабр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ҳал хоҳад шуд.

Мавқеъи дастаҳо то 16-уми декабр

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

39

31

5

3

126-34

98

2.

«Хуҷанд»

38

27

4

7

68-31

85

3.

«Парвоз»

37

26

6

5

84-26

84

4.

«Вахш»

39

21

3

15

59-44

66

5.

«Энергетик»

37

18

4

15

695-49

58

6.

«Тоҷиктелеком»

38

18

2

18

63-61

56

7.

«Динамо»

35

13

9

13

46-47

48

8.

«Саройкамар»

38

8

5

25

43-85

29

9.

«Равшан»

39

7

6

26

41-100

27

10.

«Гвардия»

38

6

6

26

30-81

24

11.

CСKA «Помир»

38

7

2

29

21-92

23

XS
SM
MD
LG