Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16-уми декабр рузи истиқлоли Қазоқистон аст


Имруз Қазоқистон 17-умин солгарди истиқлоли давлатии худ аз Иттиҳоди Шуравии пешинро ҷашн мегирад. Қазоқистон Эъломияи истиқлолияти худро 16-уми декабр ба тасвиб расонд ва аз охирин ҷумҳурии Шуравӣ буд, ки баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравӣ истиқлолро пазируфт. Нурсултон Назарбоев-раҳбари Ҳизби Кумунисти Қазоқистон раиси ҷумҳур интихоб шуд ва то ҳол дар тули тамоми солҳои истиқлол мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишварро дар даст дорад. Намояндагони ҳизби вай бо номи Нур Отан ҳамаи курсиҳоро дар ҳар ду маҷлиси порламони Қазоқистон ишғол кардаанд.

XS
SM
MD
LG