Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳои бузург мегуянд, қурбони фасоди молӣ шудаанд


Баъзе бонкҳои бузургтарини ҷаҳон мегуянд, бими он меравад, ки онҳо қурбони 50 миллиярд доллар фасоди молии Бернард Мадофф-коршиноси машҳури молии Амрико шудаанд. Бонкҳо мегуянд, онҳо метавонанд садҳо милиён доллар ё ҳатто милиярдҳо долларро аз даст диҳанд. Дар миёни ин бонкҳо бонки бритониёии HSBC, бонки Сатандери Испониё, бонки фаронсавии BNP Paribas, бонки Салатанатии Скотланд ва Номура Ҳолдингзи Ҷопон ҳастанд. Бино ба гузоришҳо, шояд сармоягузорон ва сандуқҳои хайрия, ки аз суи шахсиятҳои сарватманд сармоягузорӣ мешуданд, яъне сарватмандоне, ки бо Мадофф ҳамкорӣ мекарданд, ба таври қобили мулоҳиза сармояҳои худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG