Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон барномаҳои Азаттикро баррасӣ мекунад


Мақомоти Қирғизистон мегуянд, қабл аз он ки ба пахши барномаҳои бахши қирғизии радиои Озодӣ ё Азаттик иҷоза диҳанд, онҳо бояд ба барномаҳои ин бахш гуш диҳанд. Радиои Озодӣ дар ин бора аз изҳороти Мелис Эшимханов-раиси радио ва телвизюни давлатии Қирғизистон нақли қавл кардааст. Дар ин изҳорот омадааст, барномаҳои радиои Азаттик ё Озодӣ негатив ва хеле интиқодӣ будааст. Эшимханов гуфтааст, дар паси ин тасмим шахсиятҳои муҳими Қирғизистон қарор доранд, ки мехоҳанд барномаҳои радиои Азаттик пахш нашавад. Вай гуфтааст, то мақомоти ҳукуматӣ ин барномаҳоро нашнаванд, ба пахши он иҷоза намедиҳанд. Ҷефрӣ Ҳишрберг-узви мудирияти пахши барномаҳои Амрико ва сарпарастии барномаҳои байналмиллалӣ чунин сонсурро ғайриқобили қабул хондааст.
XS
SM
MD
LG