Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуркунандагон раҳоии рузноманигорро мехоҳанд


Ҳазорон нафар дар ҷараёни як тазоҳуроти эътирозӣ дар Ироқ раҳоии Мунтазар ал Зейдӣ-рузноманигореро тақозо карданд, ки кафшҳояшро дар ҷараёни нишасти хабарӣ дар Бағдод аз пой бароварду ба суи Ҷорҷ Буш андохт ва вайро "саг" хитоб кард. Ин рузноманигор ҳоло дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад. Ин кор рузи якшанбе дар ҷараёни боздиди Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико аз Ироқ сурат гирифт. Тазоҳурот барои раҳоии Мунтазар ал Зейдӣ дар шаҳраки Садри Бағдод ва дар шаҳрҳои Басраву Наҷаф баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG