Пайвандҳои дастрасӣ

Гарри Тетчер, мудири Департаменти маркетинг ва ҳамкорони хориҷии «Бюрои пахши байналмилалӣ», ки аз Вошингтон вориди Бишкек шудааст, зимни як нишасти хабарӣ гуфт, қатъи пахши барномаҳои радиои Озодӣ дар Қирғизистон ангезаи сиёсӣ надорад. Ӯ гуфт, бо мақомоти Ширкати миллии садову симои Қирғизистон дар мавриди эҳёи пахши барномаҳои радио ва телевизион гуфтушунид идома дорад.

Ба шарҳи ҷаноби Тетчер, Ширкати миллии садову симои ҷумҳурии Қирғизистон аз моҳи сентябри соли равон пахши барномаҳои бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодиро қатъ намуд ва далел овард, ки радиои Озодӣ барои ҷудо кардани мавҷи пахши барномаҳои он ба ширкати садову симо қарзашро напардохтааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Қирғизистон итминон додаанд, ки барномаҳои радиоӣ ва телевизионии Озодӣ дубора дар Қирғизистон эҳё хоҳанд шуд.

Анвар Сафир, мудири Департаменти авруосиёи маркетинг ва ҳамкорони хориҷии «Бюрои пахши байналмилалӣ» гуфт, бо мудири бахши молии Ширкати садову симо сабабҳои ворид нашудани пули интиқолдодаи радиоро ба ҳисобсурати ширкати мазбур таҳқиқ хоҳад намуд. Ӯ гуфт, 19 ҳазор доллари амрикоӣ, ки панҷ бор ба такрор ба ҳисобсурати ин ширкат аз Вошингтон интиқол ёфтааст, аз тарафи «Промстройбанк»-и Бишкек ба ҳисобсурати ширкати мазбур ворид карда нашудааст. Ба таъкиди ӯ, ин маблағ дар зудтарин фурсат ба Бишкек интиқол ёфта, ва барномаҳои бахши қирғизии радиои Озодӣ ва намоишҳои телевизионии ин радио дар мавҷҳои Ширкати садову симо дубора пайдо хоҳанд шуд.

Ҷулиа Рагона, раҳбари идораи пахши Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ дар Прага мегӯяд, аз вокунишҳо дар саҳифаи интернетии бахши қирғизии радиои Озодӣ бармеояд, ки лағви таҷдиди пахши барномаи мақбули онҳо ва намоишҳои телевизиони Озодӣ дар шабакаи аввали симои ҷумҳурӣ онҳоро хеле нороҳат кардааст. Ба гуфтаи хонум Рагона, радиои Озодӣ як ҷузъи муҳими матбуот дар Қирғизистон аст.
XS
SM
MD
LG