Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандагон аз интиқоли коло ба Афғонистон сар кашиданд


Ронандагони мошинҳои борбар дар шимоли ғарби Покистон аз ҳамлу нақли колоҳои муҳим барои нируҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон саркашӣ кардаанд. Шакируллоҳ Афридӣ-раиси ширкати нақлиётии Хайбар гуфтааст, бад шудани вазъ дар минтақа ба ин кор имкон намедиҳад. Тақрибан 75 дарсади колоҳои икмолотӣ ба нируҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз роҳҳои Покистон расонда мешавад. Сухангуи нируҳои НАТО дар Афғонистон гуфтааст, ки дар марҳалаи кунунӣ катъи икмолот мушоҳида нашудааст.
XS
SM
MD
LG