Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Черногория аз ИА дархости расмии узвият кард


Черногория, ё худ Монтенегро, расман аз ИА дархост кардааст, ки ин кишвари Югославияи собиқро ба узвият бипазирад. Сарвазири Черногория Мило Ҷуканович ин хабарро имрӯз дар пайи мулоқоташ бо Никола Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, ки раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад, эълон кард. Оллӣ Рен, кумиссари ИА дар умури тавсиъаи ин созмон, бо истиқбол аз ин иқдоми Черногория гуфт, ин иқдом баёнгари сарсупурдагии кишвар ба арзишҳои бунёдии аврупоист. Черногория дар моҳи июни соли 2006 дар пайи як назархоҳии саросарӣ эълони истиқлолият кард ва аз Сербистон ҷудо шуд.
XS
SM
MD
LG