Пайвандҳои дастрасӣ

Андешаи соҳибназарон перомуни Афғонистон


Ин одамон даҳҳо сол боз осуда назистаанд

Ин одамон даҳҳо сол боз осуда назистаанд

Бисёре аз таҳлилагрон ва соҳибназарони тоҷик ба ин назаранд, ки нишасти ғайрирасмии вазирони умури хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва манфиъатдор дар ин кишвар бар боқӣ мондани мушкили он ишора мекунанд.

Таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки бо гузташти 7 сол аз суқути Толибон, доир шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва порлумон, инчунин муборизаи нерӯҳои байнулмилалӣ бо шӯришиён боз ҳам дар мавриди таъмини субот дар ин кишвари ҷангзада гоми муҳим ва умдае гузошта шуда бошад.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ низ дар нишасти Порис маъракаи зидди террор дар Афғонистонро саршор аз нокомиҳо унвон карда, гуфтааст, ки муваффақ нашудани ин маърака барои тамоми ҷаҳон пайомадҳои фоҷиъабор хоҳад дошт. Ва аксари таҳлилгарон низ ба ин боваранд, ки танҳо роҳи бозгашти субот ба Афғонистон тағйири шева ва равиши бархӯрд бо мушкили ин кишвар аст.

Исмоил Раҳматов, устоди донишгоҳ ва аз афғонистоншиносони тоҷик, мегӯяд, ба натиҷаи кори нишасту конфронсҳое роҷеъ ба Афғонистон, ки дар аксари онҳо аз 7 сол ба ин ҷониб ба унвони коршинос ширкат доштааст, наметавонад умедвор бошад. Ӯ бар ин аст, ки қудратҳо бояд назари худ ба ҳалли қазияи Афғонистонро дигаргун созанд.

Аммо Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилагари тоҷик ва собиқадори ҷанги шуравӣ бо Афғонистон, мегӯяд, иҷрои чанд шарти дигар барои бозовардани субот ба Афғонистон зарурист. Яке, ба эътиқоди ӯ, тавофуқи нисбии қудратҳо ва кишварҳои пиромуни Афғонистон бар сари манофеъи худ дар ин кишвар аст, ва, дигаре, иҷрои тааҳҳудоте, ки Ғарб дар назди ҷомиъаи Афғонистон бар душ гирифта буд: яъне иҷрои тарҳҳои иҷтимоъӣ, фароҳам кардани фурсатҳои корӣ, роҳандозии корхонаҷот ва муроъоти ҳаққи мардум бо назардошти мансубияти қавмӣ ва забонии онҳо.

Ба гуфтаи ин коршинос, таҷрибаи бо назари низомӣ ва аз роҳи зӯр вориди Афғонистон шудан ҳамеша ноком мондааст. Оғои Бекмуҳаммад ба ин назар аст, ки Ғарб агар мехоҳад дар Афғонистон муваффақ шавад, бояд бо назари иҷтимоъӣ ба Афғонистон нигоҳ кунад.

Ин дар ҳолест, ки бархе таҳлилагарони дигар бо таваҷҷуҳ ба таърихи таҷовузҳо ба Афғонистон мегӯянд, ҳам шуравӣ ва ҳам инглисҳо дар ин кишвар замоне шикаст хӯрданд, ки вилоёти шимол ба муқовимат пайваст. Саъдии Юсуфӣ таҳлилгари тоҷик, таъкид намуд, эътилофи байнулмилаӣ ҳанӯз ҳам ин фурсатро дорад, ки аз саросарӣ шудани муқовимат дар Афғонистон ҷилавгирӣ кунад. Дар сурати ғайр, яъне ба саҳафоти шимол кашида шудани муқовиматҳо, шикасти ҳар нерӯи хориҷӣ мусалам хоҳад шуд. Дар сурати идомаи авзоъ, меафзояд оғои Юсуфӣ, ба ин гуна кашида шудани хушунат ва нооромиҳо ба манотиқи бештар ногузир аст.

Ҳафт соли ахир, мутазаккир шуданд таҳлилгарон, суботу амният камтар шуда, кишту қочоқи маводди мухаддир низ афзоиш ёфтааст, ва дар чунин шароит ихроҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон низ иштибоҳ мебуд.

Ба гуфтаи соҳибназарон, дар сурати аз саҳна рафтани нерӯҳои НАТО авзоъи Афғонистон бештар печида ва ғайри қобили пешбинӣ хоҳад шуд ва ба авзоъи кишварҳои ҳамсоя низ асари мустақим хоҳад намуд.

Дар ҳар сурат, танҳо роҳи дуруст якест, мегӯянд таҳлиларон ва таҷрибадорони ҷанг, ва он ҳам ба ҳам омадани манофеъи ҷонибҳо ва тафоҳум бар сари дигар кардани дидгоҳҳо ва шеваи мубориза дар Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG