Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғончӣ: мушкили мардум аз татбиқ нашудани қонун


Аҳли 16 хонаводаи ноҳияи Ғончӣ мегӯянд, ки комиссияи маҳал дар татбиқи Қонуни афви амвол нисбати заминҳои наздиҳавлӣ ва манзилҳои зисташон сарпечӣ меварзад.

Бо намояндагӣ аз онҳо сокини ин маҳал Нодир Азизов ва вакили мудофеъи ӯ Абдурраззоқ Бобоев барои шарҳи мушкили худ ба дафтари Радиои Озодӣ дар Хуҷанд омаданд.

Ба гуфтаи онҳо, аъзои ин хонаводаҳо аз соли 1992 дар ин маҳал ба сар мебаранд ва дар соли 2003 раиси ҷамоъат дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замин ба онҳо қарор қабул кард, аммо то кунун номи онҳо дар китоби ҷамоъат ҳамчун соҳибмулк сабт нашудааст. Зиёда аз ин, афзуданд онҳо, тақозояшон дар мавриди қонунӣ гардонидани манзилҳо ва заминҳои наздиҳавлиашон бо роҳи татбиқи Қонуни афви амвол аз ҷониби масъулини комиссияи татбиқи Қонуни афви амвол дар маҳал радъ мешавад. Нодир Азизов мегӯяд: «Мушкили асосии мо и,н ки ҳаққи озодона истифода аз 10 – 12 сотих замини наздиҳавлигӣ надорем. Онро хоҷагӣ соҳибӣ мекунад ва то нисфи ҳосили киштаи моро барои иҷораи замин гуфта, мегирад. Дар заминҳои хоҷагӣ ҳам ба мо саҳм намедиҳанд. Ҳатто намемонанд, ки чаҳорпои хонагиамонро чаро кунем».

Ба гуфтаи Абдураззоқ Бобоев, вакили дифоъи онҳо, таъкид намуд, ки дархости ин хонаводаҳо дар мавриди бо роҳи қонунӣ ба даст овардани ҳуқуқи соҳибият ба хонаву замин дар давоми 6 моҳи ахир ба ҷое нарасидааст.

Ҷиҳати қонуният бахшидан ба манзил ва заминҳои наздиҳавлии даъвогарон муовини аввали раиси ноҳияи Ғончӣ Абдумуталиб Аҳмадов, ки ҳамзамон раиси комиссияи татбиқи Қонуни афви амвол дар ин маҳал низ мебошад, мувофиқ аст. Вале вай дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ба мушкили корбасти қонун дар ин маврид ишора кард ва гуфт, ки, агар заминҳои ин мардум қонунӣ дар ихтиёри онҳо гузошта шавад, дар он маҳал зарурати таъсиси деҳаи нав ба вуҷуд меояд. Вай афзуд, ки, агар масъулини комиссияи ноҳиявӣ бе иҷозати комиссияи марказӣ ба ин иҷоза диҳанд «дар зери бало хоҳанд монд».

А. Аҳмадов инчунин таъкид кард, ки ба ҷиҳати ҳалли ин мушкил ба комиссияи марказии татбиқи Қонуни афв дар Душанбе муроҷиъат кардаанд ва мутобиқи дастури он қазияро ҳал хоҳанд кард. Вале дар мавриди он ки чаро арзи сокинони мазкур саривақт мавриди баррасӣ қарор нагирифт, гуфт, ки танҳо дар тайи ду моҳи ахир масъулияти раисии комиссияи мазкурро бар уҳда дорад ва дар ин бора чизе гуфта наметавонад.

Ба гуфтаи вай, комиссияи татбиқи қонуни афви амволи ноҳияи Ғончӣ дар бораи ҳалли ин қазиа ахиран аз ҳукумати вилояти Суғд низ дастур гирифтааст.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, Нодир Азизов бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Душанбе тамос гирифт ва гуфт, ки ҳоло ҳамроҳи вакили дифоъаш мунтазири дасстрас кардани қарори комиссияи марказии татбиқи қонуни афви амвол ҳастанд. Ба гуфтаи вай, комиссияи мазкур гуфтааст, ки тасмими худро дар ҳалли мушкили онҳо дар рӯзҳои наздиктарин баён хоҳад дошт.

Қонуни афви молу мулки шаҳрвандон дар Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2007 ба тасвиб расида, муҳлати иҷрои он то моҳи июни соли равон пешбинӣ гашта буд. Вале муҳлати иҷрои он то охири соли равон тамдид карда шуд.

XS
SM
MD
LG