Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари охирини Ҷорҷ Буш ба ду кишвари осиёӣ


Ҳомид Карзай ва Ҷорҷ Буш, Кобул, 15-уми декабр

Ҳомид Карзай ва Ҷорҷ Буш, Кобул, 15-уми декабр

Cафари Ҷорҷ Буш ба Ироқ ва Афғонистон чун сафари хайрбодӣ талаққӣ мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки то то поёни маъмурияти ӯ чанд ҳафтаи дигар мондааст. Сафари раисҷумҳури ИМА ба ин кишвар хайрбодӣ буд – хайрбод бо кишваре, ки нерӯҳои Амрико 7 сол пеш бо дастури ӯ дар посух ба ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр воридаш шуданд.

Ҳавопаймои ҳомили Ҷорҷ Буш рӯзи душанбе, ҳанӯз субҳ нодамида, дар пойгоҳи ҳавоии Багром, дар ҳошияи пойтахти Афғонистон, фуруд омад ва пас аз мулоқот бо асокири амрикоие, ки аксараш ҳам дар Ироқ ва ҳам дар Афғонистон ҷангидаанд, тавассути чархболи “Блакҳовк” ба Кобул, ба мулоқоти ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай парвоз кард. Ӯ гуфт, Карзайро итминони хотир додааст, ки Амрико баъди ба курсии раёсати он нишастани Барак Обама дар таърихи 20 январ низ кумакҳояш ба хотири истиқрори демократия дар Афғонистонро идома хоҳад дод: «Ман ба президент гуфтам, ки шумо метавонед ба Амрико такя кунед. Ва ҳамон гуна, ки рӯи маъмурияти кунунӣ такя мекардед, метавонед рӯи маъмурияти оянда низ ҳамон гуна ҳисоб кунед. Пешрафти демократия дар Афғонистон ба манфиъати мост».

Карзай, ба навбаи худ, бо изҳори сипос аз ин пуштибонӣ гуфт, мардуми Афғонистон намехоҳад як умр бори дӯши ҷомиъаи байнулмилалӣ бошад. Аммо вақте аз ӯ дар бораи замони ниҳоии хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон пурсиданд, Ҳомиди Карзай гуфт, ҳанӯз фурсати гуфтугӯ дар бораи хурӯҷи онҳо нарасидааст:

«То даме ки Афғонистон ба пои худ рост нашавад, то даме ки тавони кофӣ барои дифоъ аз кишвари худро ба даст наорад, то даме ки ба қадри кофӣ қудратманд нашавад ва то замоне ки мо аз президент Буш ва маъмурияти оянда боз миллиардҳо ва миллиардҳо доллари дигар нагирем, Афғонистон нахоҳад гузошт, ки ҷомиъаи байнулмилалӣ онро тарк кунад».

Албатта, Карзай шӯхӣ мекард, вақте аз Амрико талаби миллиардҳо доллари дигар менамуд, вале ин шӯхӣ ҳокӣ аз он аст, ки давлати феълии Афғонистон то кадом андоза аз ёриҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла аз кумакҳои Амрико, вобаста аст.

Ҷорҷ Буш мушкилоти мавҷуд дар роҳи эъмори сулҳ дар Афғонистонро эътироф карда, таъкид намуд, ки вазъи кишвар назар ба 7 соли пеш, яъне замоне ки Кобул таҳти султаи Толибон қарор дошт, бидуни шакк, хеле беҳтар шудааст.

Як хабарнигори афғон бо раисҷумҳури Амрико вориди баҳс шуд ва гуфт, вазъи амниятӣ дар Афғонистон таййи солҳои ахир бадтар шуда ва ҳазорон афроди бегуноҳ ба ин далел кушта шуданд, ки Амрико натавонист пеши роҳи гурӯҳбандии дубораи нерӯҳои Толибонро бигирад.

Вале Ҷорҷ Буш ин интиқодро рад карда мутазаккир шуд, ки ҷанг дар Афғонистон ба як набарди тӯлонӣ табдил меёбад, чунки набарди ақидатӣ одатан фурсати зиёд металабад: «Ин ваҳшатро Толибон болои мардуми Афғонистон оварда буданд ва онҳо акнун дар сари қудрат нестанд. Ва ман танҳо аз пешрафтҳое ёдовар шудам, ки раддношавандаанд. Оё мешуд назар ба ончӣ, ки анҷом шудааст, кори бештаре анҷом дод? Ҳаргиз! Ман ҳеч гоҳ нагуфтаам, ки Толибон аз байн бурда шудаанд. Ман гуфтам, ки онҳо аз қудрат дур андохта шуданд».

Рӯзи якшанбе Ҷорҷ Буш бо як сафари тақрибан махфӣ аз Ироқ низ дидан кард ва бо сарвазири он кишвар Нурӣ Моликӣ ба паймони амниятие имзо гузошт, ки замони ҳузури нерӯҳои Амрико дар Ироқро то 3 соли дигар тамдид мекунад. Аммо рафтори як хабарнигори ироқӣ дар Бағдод сафари хайрбодии Буш ба Ироқро низ ба истилоҳ “доғдор” кард. Мунтазир Зайдӣ, хабарнигори шабакаи мустақили телевизионии «ал-Бағдодия», ҳарду пойафзоли худро ба нишони нафрат ва бо чунин нидо ба сӯи Буш ҳаво дод: «Ин туҳфаи ироқиҳост. Ин бӯсаи хайрбодист, эй саг! Ин аз ҷониби беваҳо, ятимон ва онҳоест, ки шумо дар Ироқ куштед!»

Ҷорҷ Буш сари худро пойин кард ва туфлии якуми хабарнигор ба парчамҳои Ироқу Амрико расид. Туфлии дуввуми Зайдӣ ба ҳадаф нарасид.

Як мақоми ироқӣ гуфтааст, ки Мунтазир Зайдӣ аз ҷониби муҳофизони сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ барои бозпурсӣ боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG