Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил 224 маҳбуси фаластиниро озод кард


Исроил ба нишони ҳусни ният беш аз 200 маҳбуси фаластиниро аз маҳбасҳояш раҳо ва ба маъмурияти ташкилоти худгардон, раҳбараш Маҳмуд Аббос, таслим кардааст. Нахустин автобусҳои ҳомили маҳбусони ҳамакнун собиқро дар сарзаминҳои каронаи бохтарии рӯди Ӯрдун садҳо тан аз хешовандони онҳо бо шодиву сурур ва парчами Ҳаракати Фатҳи Маҳмуд Аббос дар даст истиқбол гирифтанд. 206 маҳбуси озодшудаи фаластинӣ аз каронаи бохтарӣ ва 18 танаш аз навори Ғаза буда, ҳеҷ кадоми онҳо ба ҳамдастӣ дар ҳамалоти пурқурбонӣ алайҳи Исроил муттаҳам намешавад.
XS
SM
MD
LG