Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми Туркманбошӣ аз матни гимни кишвар ҳазф шуд


Тавре ба назар мерасад, Туркманистон мехоҳад ҳар навъ ишора ба раҳбари собиқи ин кишвар Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбоширо аз матни таронаи миллиаш бардорад. Матбуоти давлатии Туркманистон мегӯяд, аъзои парлумони ин кишвар матни таҳрирхӯрдаи гими давлатиро тасвиб кардаанд. Ниёзов ду сол пеш аз дунё чашм пӯшид ва мақомоти Ишқобод то ҳол хеле аз нишонаҳои даврони парастиши шахси ӯро аз байн бурдаанд. Дар давраи Ниёзов ҳатто номи моҳҳову рӯзҳои ҳафтаро тағйир дода, як моҳро ба исми худи ӯ ва моҳи дигарро ба номи модараш гузошта буданд, ки акнун ислоҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG